Асосӣ Дар бораи мо Ҳаёт дар Ҳумо Таърихи муваффақияти мизоҷон «Хумо» подарила мне уверенность в завтрашнем дне!

«Хумо» подарила мне уверенность в завтрашнем дне!

Ассалом,

Номи ман Бибизилол Сатторова.

Таърихи ман, шояд ба садҳо таърихи дигари занони тоҷик монанд бошад, аммо ба ҳар ҳол ман мехоҳам онро ба Шумо нақл намоям. Эҳтимол, яке аз занони Ҷумҳурии мо, баъд аз хонда баромадани он ҳамчунин қарор намоянд, ки вақти тағир намудани ҳаёти худ ва оғоз намудани роҳи зиндагии худ расидааст.

IMAG0062.jpg

Ман дар ноҳияи Вахш ба дунё омадам ва ба воя расидам. Дар ҳамин ҷо ман ба шавҳар баромадам ва соҳиби се фарзанд шудам. Зиндагии мо дар деҳот аз зиндагии сокинони шаҳр фарқ мекунад. Мо субҳи содиқ аз хоб хеста, бо кори хонаву хоҷагӣ машғул мешавем, кӯдаконро ба мактаб омода месозем. Якчанд сол қабл, шавҳарам ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро қарор намуда буд ва ман барои як қадар пӯшонидани хароҷоти оилавӣ ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул шудам. Ман як мағозаи хурди деҳаамонро ба иҷора гирифта, дар он ҷо фурӯши маҳсулоти хӯроквориро оғоз намудам.

Вақте ки шавҳарам аз Русия баргашт, ӯ ба ман дар кори мағоза кӯмак мерасонд. Аммо баъд аз якчанд моҳи дар хона будан, ӯ боз қарор намуд ба Русия баргардад. Қарори мазкур ба ман ҳисси хурсандӣ наовард ва мо ба ҷустуҷӯи роҳҳои дигари ҳалли ин масъала шурӯъ намудем. Пеш бурдани рӯзгор, тарбияи фарзандон ва кор дар мағоза ба зани танҳо осон нест. Рӯзе ҳамсояро дар қитъаи замини худ дидем, ки ӯ қубурҳо, шлангҳо ва таҷҳизоти дигарро гузаронида истодааст, ману шавҳарам аз ӯ пурсон шудем, ки онҳо барои чӣ лозиманд. Ҳамсояамон нақл кард, ки ин система обёрии қатрагӣ — усули обдиҳӣ мебошад, ки зимни он растаниҳои рӯида обро рост дар қисми наздирешагӣ қабул мекунанд. Ва аз ҳама муҳим ин аст, ки сарфи об дар ин ҳол хеле кам мешавад.

Нақли ҳамсояро шунида, шавҳарам тасмим намуд, ки гармхона созад ва ба он ҷо системаи  обёрии қатрагӣ гузаронад. Майли ӯро дида, ман ба қарор омадам, ки шавҳарамро дар ин кор дастгирӣ намоям. Барои сохтани гармхонаҳо ҳамаи пасандози мо сарф шуд ва бинобар ин мо тасмим намудем барои хариди тухмии сабзавот ва нуриҳои минералӣ қарз гирем.

Бо ташкилоти «Ҳумо» ман муддати дароз шинос мебошам. Қарзи якуми худро ман аз ҳамин ҷо барои васеъ намудани фаъолияти тиҷоратии худ гирифта будам. Вақте ки бо шавҳарам ба филиал омадем, кормандон тамоми шарту шароитҳои  қарзгириро ба мо муфассал фаҳмонида доданд.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро ҷамъ намуда ва аз ҷониби Ташкилот тасдиқотро гирифта, мо ба маблағи 5000 сомонӣ қарз гирифтем. Ҳамин тавр, мо тухмии сабзавот ва нуриҳои минералии лозимаро харидорӣ намудем. Акнун шавҳарам рӯзи дароз дар гармхона истода, навдаҳои помидор ва бодирингро нигоҳубин менамояд. Фикри ба Русия сафар намудан дигар ӯро ташвиш намедиҳад, ки аз ин ман ва фарзандонамон хеле шодем. Ҳосили якумро оилаи мо аллакай дар Соли Нав гирифт. Соли 2017 барои оилаи мо хуб оғоз ёфт, акнун мо ба рӯзи фардои худ боварӣ дорем. Ҳамаи ин маҳз ба туфайли ташкилоти «Ҳумо», ки моро дар ин кор дастгирӣ намуд, амалӣ гашт.



бозгашт ба рӯйхат