Маълумот

«Ҳумо Бонк» тули 20 сол аст, ки дар бозори молиявии Тоҷикистон фаъолият карда, яке аз бонкҳои пешқадам ба ҳисоб меравад. Қисми Gojo&Company, корпоратсияи тасдиқшудаи "В" аз Ҷопон мебошад. 

Дар ин муддат Ташкилот дар сохтори худ дигаргуниҳо ва тағйиротҳо гузоштааст. Охирон тағйирот 23 июли соли 2025 аз Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «Ҳумо» ба бонк мубаддал гашт.

1-уми ноябри соли 2013 аз тарафи Бонки Миллии ҶТ ба ТАҚХ «Ҳумо» барои амалӣ намудани фаъолияти амонатӣ, иҷозатнома дода шуд. Рузи гирифтани иҷозатнома, дар таърихи Ташкилот нишони арзандаи худро гузошт. Ташкилот ба зиннаи навбатӣ дар роҳи инкишоф ва устуворӣ қадам гузошт. Пеш аз ин, аз соли 2008 Ташкилот бо номи ҶДММ Ташкилоти Қарзии Хурди «Ҳумо ва партнёрҳо» фаъолият мекард. Фонди Қарзии Хурди «Ҳумо», ҳамчун муассиси ҶДММ ТҚХ «Ҳумо ва партнёрҳо» баромад кард. Дар навбати худ Фонди Қарзии Хурди «Ҳумо» пайрави барномаи қарзии хурди «CARE International» дар Тоҷикистон мебошад. Дар соли 2004 бо қабули қонуни ҶТ «Дар бораи маблағгузории хурд», «CARE Tajikistan» барномаи қарзии хурдро ба фонди иҷтимоии маҳаллӣ мубаддал намуд, ки он ба табақаҳои озордидаю камбизоати аҳолӣ хизматрасониҳои молиявии дастрасро пешниҳод менамояд.

Моҳи ноябри соли 2004 дар «CARE Tajikistan» оид ба «номи беҳтарин» барои ташкилоти молиявии таъсисшаванда озмун эълон шуд. Аз рӯи ҷамъбасти озмун номи «Ҳумо» интихоб шуд. Фаъолияти Ташкилот бо рамзи афсонавии паррандаи достонзеби Ҳумо муттаҳид мебошад. Ҳумо паррандаи афсонавиест, ки ранги заррин дорад — рамзи офтоб, таҷаддуд ва ният. Аз рӯи ривоят, паррандаи Ҳумо аз болои шахсе парида гузарад, ба ӯ хушбахтӣ меорад.

Моҳи декабри соли 2004 ФҚХ «Ҳумо» дар Вазорати Адлияи ҶТ расман ба қайд гирифта шуд, ки ин ба амалбардории нақшаҳои фонд асос гузошт. Яке аз нахустин ташкилотҳои молиявии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сертификати Бонки Миллии ҶТ соҳиб шуда буд, маҳз ФҚХ «Ҳумо» буда, шаҳодати онро медод, ки Фонд ба ҳамаи талаботҳои қонунҳои ҷумҳурӣ мувофиқ буд, ва барои оғози фаолияти худ захираҳои кифоякунанда дошт. Ин 15 марти соли 2005 воқеъ гардид. Сертификати мазкур ба оғози фаъолияти молиявӣ, яъне тақсимоти қарзҳои хурд ба аҳолие, ки ба хизматрасониҳои бонкӣ дастрас нест, ҳуқуқ медиҳад. Қарзи якум 28-уми марти соли 2005 ба хазинадори гурўҳи қарзии «Таманно»-и ноҳияи Ёвон — Зоирова Рузигул, ба миқдори 5700 сомонӣ дода шуд.

Тартиби баррасии муроҷиатҳо

Ҳайати раёсат

Саҳмиядорони Ташкилот

Оргструктура

Руйхати шахсони вобаста

Тавозун ХФЗ ва меъёрҳои мақбул

Иҷозатнома

Оиннома