Офертаи оммавӣ

Бо матни офертаи оммавии мазкур бодиққат шинос шавед ва агар Шумо бо ягон банди оферта розӣ набошед ва ё ягон банди он ба Шумо нофаҳмо бошад, пешниҳод менамоем, ки аз истифодабарии хизматрасониҳо даст кашед ва ё маълумоти ба Шумо лозимаро аз хадамоти иттилоотӣ тавассути телефон аниқ намоед:
 +992 44 640 55 44


ОФЕРТАИ ОММАВӢ

оиди гирифтани ризоияти субъекти таърихи қарз дар хусуси таърихи қарз, додани ҳисоботи қарз дар бораи ў аз Бюрои таърихи қарз ва ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдории маълумотҳои шахсии дархосткунанда

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.1. Мутобиқи моддаи 467-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати мазкур офертаи оммавӣ (минбаъд – «Оферта») мебошад.
1.2. Оферта ҳама шартҳои истифодаи маълумоти муштарӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» (минбаъд – «Ташкилот») дар бораи субъекти таърихи қарз, ки дар воситаҳои алоқаи электронӣ ва сабтҳои коғазӣ, ки иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз дар Бюрои таърихи қарз пешниҳод кардашуда.
1.3. Ташкилот аз маълумотҳои ташакулдодаи Бюрои таърихи қарз нисбати иттилооте, ки оид ба нигаҳдорӣ, мониторинг, дақиқ ва аз нав кардан аз таъминкунандагони иттилоот мерасад, барои коркарди пешниҳоди қарз маълумотҳои заруриро мегирад.
1.4. Назарраси шартнома иродаи Ташкилотро барои бастани шартнома дар шартҳои зикргардида бо ҳар шахсе, ки шартҳои мазкурро қабул мекунад (минбаъд – «Мизоҷ») баён менамояд.
1.5. Хизматрасониҳои таъмини ҳамкории иттилоотӣ ва технологӣ байни иштирокчиён, зерин мебошад:
- аз Бюрои таърихи қарз гирифтани ҳисоби ҳисоботи қарз барои баҳодии пешниҳод намудан ва рад намудан дар пешниҳоди қарз;
- ҷамъоварии маълумотҳои шахсии Мизоҷ барои коркард ва баҳодиҳии ӯ ҷиҳати пешниҳоди хизматрасониҳои Ташкилот.

2. АМАЛҲОИ МИЗОҶ

2.1. Амалҳои Мизоҷ доир ба истифодаи хизматрасонии Ташкилот дар асоси мушаххасоти аз ҷониби Мизоҷ пешниҳодшуда ҳамчун аксепти пурра ва бечунучарои офертаи Ташкилот тариқи иҷрои амалҳои натиҷадиҳанда (конклюдентӣ) тибқи моддаи 470-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ҳар як воқеияти анҷомдиҳии ҷамъоварии маълумот мебошад, ки бо шартҳои дар оферта зикршуда амалӣ мегардад.

3. НОМ, ҶОЙГИРШАВӢ ВА МУШАХХАСОТИ БОНКИИ ТАШКИЛОТ

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо»;
РМА 020026755;
РМБ 0210000322;
Иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон силсилаи БМТ №0000077 аз 24.05.2017 сол  
Суроға (маҳалли ҷойгиршавӣ): Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734061, ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев, 148/1
Телефони хадамоти иттилоотӣ: +992 44 640 55 44