Маълумот дар бораи Ҳумо
«Ҳумо», ташкилоти амонатии қарзии хурди пешрафт ва инкишофёбанда аст. Қисми Gojo&Company, корпоратсияи тасдиқшудаи В аз Ҷопон мебошад.
Вазифаи асосии мо, ин пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии босифат ва дастрас ба аҳолии деҳоте, ки дар минтақаҳои дурдасту камбизоат зиндаги менамоянд ва инчунин мусоидат расонидан ба рушди тиҷорати хурд барои таъмини имкониятҳои иқтисодии нав ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дар доираи фаъолияти худ, мо аз технологияҳои муосир ва стандартҳои баланди маблағгузорӣ истифода мебарем, ки ин ба мо имконият медиҳад, ки мутобиқи таҷрибаи умумиҷаҳонии пешрафта, фаъолияти худро ба роҳ монем. Сифати баланди хизматрасонӣ ба мизоҷон, самаранок идоракунии Ташкилот, муносибати хуб бо бонкҳои шарикон, мақомотҳои танзимкунандаи давлатӣ ва мақомотҳои ҳукумати маҳаллӣ аз ин шаҳодат медиҳанд.
Ташкилоти мо, ба сегонаи ташкилотҳои қарзии хурди пешрав, аъзоёни АМФОТ дохил мешавад.