Хизматрасонӣ
ТАҚХ «Ҳумо» дорои фаъолияти васеи ҷуғрофӣ буда, дар зиёда аз 40 ноҳияҳои ҶТ ва шаҳрҳои Душанбе, Курғонтеппа, Ёвон, Кулоб, Данғара, Хуҷанд, Исфара ва Истаравшан фаъолият мекунад. Ташкилот дар тӯли 11 соли фаъолият дар бозори молиявии хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 филиал, 36 маркази хизматрасонии хазинавӣ ва 8 нуқтаи хизматрасонӣ кушодааст. Ташкилот ба дастгирии ноҳияи Хатлон диққати махсус медиҳад. Зиёдкунии шабакаи филиалҳо, сифати баланди хизматрасонӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои дастрасу босифат, мавқеи Ташкилотро хамчун яке аз пешсафон дар соҳаи маблағгузории хурд устувор менамояд. Дар барномаи иттилоотии умумичаҳонии «MIX Market», ташкилот миқдори ниҳоят зиёди панҷ «алмос»-ро гирифт. Чунин системаи «алмосҳо» сатҳи шаффофияти ташкилоти молиявии худро нишон медиҳад.