Хизматрасонии ҳисоббаробаркунию хазинавӣ
ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» хизматрасонии ҷадидро барои мизоҷони худ пешниҳод менамояд. Ин хизматрасонӣ - хизматрасони ҳисоббаробаркунию хазинавӣ буда барои шахсони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ дорад.
Бартарии ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ барои мизоҷон чунин аст:
- Баҳисобгири фаъолияти кории ҳар як мизоҷ;
- Шафофияти фаъолият оиди гузаронидани амалиёт;
- Зуд ва қулай гузаронидани амалиёт тариқи суратҳисобҳо;
- Нигоҳдорӣ ва ҳифзи дороиҳо-маблағҳои мизоҷон;
- Мубодила, табдили маблағҳо ба асъори хориҷӣ;
- Тарофаҳои дастрас барои мизоҷон;
- Маслиҳатҳои коршиносони Ташкилот оиди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ;
- Хизматрасонии босифати хазинавӣ;
- Назорати асъор ва ҳисоббаробаркунӣ.
Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои соҳибкорони инфиродӣ:
- Нусхаи Шаҳодатномаи соҳибкорӣ;
- Нусхаи Иқтибос аз феҳрести ягонаи давлатӣ;
- Мактуби ахборотӣ;
- Варақаи намунаи имзо ва нақши мӯҳри соҳибкори инфиродӣ дар се нусха.
Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои шахсони ҳуқуқӣ:
- Нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
- Нусхаи Иқтибос аз феҳрести ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ;
- Мактуби ахборотӣ;
- Гувоҳнома (РМА);
- Варақаи намунаи имзо ва нақши мӯҳри соҳибкори инфиродӣ дар се нусха;
- Нусхаи Қарор дар бораи таъмини Роҳбар ва Сармуҳосиб;
- Нусхаи шиносномаҳои Роҳбар ва Сармуҳосиб;
- РМА (Роҳбар ва Сармуҳосиб).
Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ):
- Нусхаи Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин;
- Нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
- Нусхаи Иқтибос аз феҳрести ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ;
- Мактуби ахборотӣ;
- Гувоҳнома (РМА);
- Варақаи намунаи имзо ва нақши мӯҳри соҳибкори инфиродӣ дар се нусха;
- Нусхаи пайнавишт дар бораи таъмини Роҳбар ва Сармуҳосиб;
- Нусхаи шиносномаҳои Роҳбар ва Сармуҳосиб;
- РМА (Роҳбар ва Сармуҳосиб).
Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои ташкилотҳои қарзӣ:
- Нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
- Нусхаи Иқтибос аз феҳрести ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ;
- Нусхаи Иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон;
- Мактуби ахборотӣ;
- Гувоҳнома (РМА);
- Нусхаи Қарор дар бораи таъмини Роҳбар ва Сармуҳосиб;
- Нусхаи шиносномаҳои Роҳбар ва Сармуҳосиб;
- РМА (Роҳбар ва Сармуҳосиб).
Мизочони мӯҳтарам, намунаи «Дархост оиди кушодани суратхисоби бонки» аз сомонаи зерин: Дархост.docx дарёфт карда маълумотҳои худро пур намуда ба суроғаи зерин: sergey@humo.tj ирсол намоед.
Н А Р Х Н О М А И
хизматрасонии ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» бо мизоҷон
- Подоши комиссия аз рӯи Тарофаҳои ТАҚХ «ҲУМО» (комиссия) бо асъори миллӣ ситонида мешавад. Зимни хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ комиссияҳо бо асъори пардохт ё бо асъори миллӣ аз рӯи қурби ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи амалиёт ситонида мешаванд.
- Ҳамаи хароҷотҳо (барои почта, телеграф, комиссияҳои ТАҚХ - корреспондентҳо, пардохти хизматрасонии нотариалӣ ва ғ.), ки ТАҚХ зимни иҷроиши супоришҳои Мизоҷ мекунад, аз ҷониби Мизоҷ аз рӯи арзиши амалӣ ҷуброн карда мешавад.
- ТАҚХ барои нишониҳои нодурусти ҳуҷҷатҳои пардохт, ки аз тарафи мизоҷон пешниҳод гардидаанд ва барои таъхир, хатогиҳо, эзоҳи нодуруст, ки натиҷаи номафҳумӣ ва ё нопуррагии дастурамалҳои амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шудаанд, ҷавобгар нест.
- Дар ҳолати бекоркунии супориши Мизоҷ комиссияи ситонидашуда баргардонида намешавад.
- Дар ҳолатҳои махсус, бо созиши тарафайн, ТАҚХ метавонад барои ҳар як амалиёти аниқ ҳаққи хизмати муқарраргардидаро тағир диҳад.
- ТАҚХ ҳақ дорад ба тарофаи мазкур тағирот ва/ё иловаҳо дохил намояд, баъд аз мутобиқкунӣ дар сохторҳои дахлдор бо ихтиёри худ бо огоҳии минбаъдаи мизоҷон ва бонкҳои корреспондентӣ.
- Тарофаҳо ва шартҳои мазкур аз санаи 15 ноябри 2021 с. эътибор пайдо мекунанд.
Заявка на открытие расчётного счёта