Асосӣ Дар бораи мо Хизматрасонӣ Ахборот «Хумо» стал членом Международного Форума «Пути достижения профессионального роста»!

«Хумо» стал членом Международного Форума «Пути достижения профессионального роста»!

Бо хушнудӣ хабар медиҳем, ки мо дар Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ иштирок намудем, ки санаи 3 - юми майи соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори Форум раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, намояндаи доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Меҳта, роҳбарону масъулини вазорату идораҳо ва бонку ташкилотҳои қарзии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори форум мо низ ширкати фаъол доштем, аз ҷумла дар намоишгоҳ ба муштариёну меҳмонони худ кору хизматрасонӣ, маҳсулоти қарзӣ, мастер-класс, ҷойи кори холӣ, машварати ройгони бонкӣ ва дониши молиявиро манзур намудем.
Ин чорабиниро дар суратгузориши зер пешниҳоди Шумо менамоем.

бозгашт ба рӯйхат