GEFF Tajikistan

GEFF Тоҷикистон

GEFF Тоҷикистон ба бахши хусусӣ кӯмаки молиявӣ, техникӣ ва ҳавасмандкунии сармоягузорӣ бо мақсади рушди устувори кишвар пешниҳод менамояд. GEFF Тоҷикистон лоиҳаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо Фонди Иқлими Сабз (GCF), Ҷумҳурии Корея ва Иттиҳоди Аврупо роҳандозӣ шудааст.

Шарту шароити қарз дар доираи GEFF:

Маблағи қарз бо сомонӣ: аз 20 000 TJS то 500 000 TJS

Маблағи қарз бо доллари ИМА: аз 2000 USD то 50 000 USD

Муҳлати карз: аз 3 то 60 моҳ

Фоизи қарз бо сомонӣ: 27%-33% солона;

Фоизи карз бо доллари ИМА: 20%-21% солона;

Қарз бо лоиҳаи мазкур танҳо барои технологияҳои сабз пешниҳод карда мешавад.

Вобаста ба намуди технологияҳо грант ба андозаи аз 5% то 25% аз маблағи умумии қарз пешниҳод карда мешавад.