«CLIMADAPT»

Қарзҳои барномаи «CLIMADAPT» барои маблағгузории лоиҳаҳои дар бахши хусусӣ пешбинӣ шудаанд, ки барои ворид намудани технологияҳои замонавию такмилёфта, ки барои муқобилат ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд, равона карда мешаванд.
Воситаҳои мазкур барои технологияи наву мавҷудбуда, ки барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи об ва энергия, инчунин паст кардани бодлесшавии (эрозияи) хок равона шудаанд, бояд истифода бурда шаванд.
Ба истеъмолкунандагони ин гуна қарзҳо барои ҳалли масъалаҳои интихоби технология ва таҷҳизот, рӯйхати таъминкунандагон ва насбкунандагон пешниҳод карда мешавад.

Механизми маблағгузории лоиҳаи «CLIMADAPT» аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Хазинаҳои сармоягузории иқлим (ХСИ) таҳия карда шудааст.
         
Қарзҳои ширкат дар доираи ин лоиҳа барои кишоварзон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва хонаводаҳо дастрас мебошанд.

Қарзҳо барои технологияи омехта, тасдиқшуда ва нав аз рӯи меъёрҳои мутобиқшавӣ нисбати таъғирёбии  иқлим баррасӣ карда мешаванд.

Барои истеъмолкунандагони қарзҳои мазкур, кӯмаки техникӣ бо таври ройгон ва машварати мустақил барои мусоидат дар қабули қарори муносиб оиди сармоягузорӣ ва интихоби технология пешниҳод карда мешавад.

Қарз ҳам барои шахсони воқеӣ ва ҳам барои шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.

Яке аз талаботи асосии пешниҳоди қарз бо лоиҳаи «CLIMADAPT» ин кам намудани сарфаи нерӯи барқ то 20%, сарфаи истифодаи об ба 10% ва кам намудани эрозияи замин то 10% аст.

Дар самти кишоварзӣ лоиҳаҳои  зерин метавонанд маблағгузорӣ карда шаванд:

  • Насби системаҳои обёрӣ ва назорати обёрӣ.
  • Ташкили боғҳо ва гармхонаҳо.
  • Истифодаи биомасса дар системаҳои гармдиҳӣ барои гармхонаҳо ва фермаҳо.
  • Таъмири қубурҳои об, обкашҳо (насосҳо), ҷуммакҳо ва системаҳои тақсимкунии об дар биноҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ.
  • Насби системаи истифодаи такрории об;
  • Насби системаи ҷамъоварии оби борон;
  • Татбиқи чораҳои камкунии истифолаи энергия тавассути гармикунонии биноҳо, иваз намудани тирезаҳо, дарҳо, системаҳои гармдиҳӣ ва барқ.


Манфиатҳо:

    Системаҳои бехатарии назорати об;
    Идоракунии самараноки замин;
    Сарфаи камтар;
    Арзиши бештари хоҷагии дешқонӣ;
    Биноҳои такмилёфтаи хоҷагӣ тариқи гармкунонии бино ва насби таҷҳизоти замонавии истифодаи самараноки энергия (нерӯи барқ).


Дар самти таъмини манзили зист лоиҳаҳои  зерин метавонанд маблағгузорӣ карда шаванд:
Илова ба корҳои беҳтарсозии манзили истиқоматӣ, меёрҳои оддие, ки барои беҳтар гардонидани шароити зист метавонанд дар доираи КЛИМАДАПТ маблағгузорӣ шаванд:


  • Гармкунонии деворҳо ва бом;
  • Иваз намудани тирезаҳо, дарҳо ва балконҳо;
  • Насби термостат ба баттареяҳои обӣ (радиаторҳо);
  • Иваз намудани дегҳои бухории системаҳои гармдиҳӣ;
  • Иваз намудани фурӯзонакҳо;
  • Иваз намудани қубурҳои об, обкашҳо (насосҳо), ҷуммакҳо ва ғайраҳо;
  • Насби системаи истифодаи такрории об;
  • Насби системаи ҷамъоварии оби борон.

Манфиятҳо:

  • Шароити беҳтари зиндагӣ;
  • Гармӣ ва комфорти беҳтар;
  • Хароҷоти камтар барои истифодаи энергия;
  • Арзиши афзудаи моликият;
  • Таъминоти беҳтари об бо лӯлаҳо ва обкашакҳои нав;
  • Тандурустӣ ва некӯаҳволии беҳтар.


Дар самти тиҷорат лоиҳаҳои зерин метавонанд маблағгузорӣ карда шаванд:

  • Замонавикунонии (модернизасияи) таҷҳизоти истеҳсолӣ;
  • Иваз намудани дегҳои бухории системаҳои гармдиҳӣ;
  • Таъмири қубурҳои об, обкашҳо (насосҳо), ҷуммакҳо  ва системаҳои тақсимкунии об;
  • Насби системаи истифодаи такрории об;
  • Насби системаи ҷамъоварии оби борон;
  • Татбиқи чораҳои камкунии истифодаи энергия тавассути    гармикунонии биноҳо, иваз намудани тирезаҳо, дарҳо,  системаҳои гармдиҳӣ ва барқ.
Манфиатҳо:

    Истифодаи самараноки об ва энергия.
    Идоракунии беҳтари замин.
    Сифат ва идорашавандагии беҳтар.
    Сарфаи камтар.
    Рақобатпазирии баланд.
    Технология ва таҷҳизоти муосир, ки боиси иқтидори баланди маҳсулнокӣ мегарданд.

Чи тавр бояд ариза дод:
  • Дархости худро бо тавассути почтаи электронӣ web@humo.tj ирсол намоед, то ки мутахасиси корбар бо мизоҷон бо шумо дар тамос шаванд.
  • Ба рақамҳои (44) 640 55 44 занг зада, мутахасисони мо барои пур кардани дархост ва интихоби технология ва таъмингар ба шумо кӯмак мерасонанд.

бозгашт ба рӯйхат