Альмира Зежнилагич Кеммелл

Алмира Зежнилагич Кеммелл

Аъзои Шӯрои Нозирони ҶСП ТАҚХ «Ҳумо»

Алмира - топ-менеҷери ботаҷриба ва мушовири Шӯрои директорон мебошад.

Алмира тақрибан 20 сол таҷрибаи корӣ дар соҳаи идоракунии хавфҳо ва стратегияи зиддибуҳронӣ дорад, дар Шӯрои директорон ва менеҷмент ҳамчун мушовир кор кардааст, инчунин дар Кумитаи сармоягузорӣ таҷрибаи калон дорад, ки ба ташкилотҳо барои баромадан ба бозорҳои нав кӯмак мекард. Дар ибтидои фаъолияти худ, вай дар тамоми Осиёи Марказӣ бисёр кор ва сафар мекард, ки аксар вақт ба БАТР оид ба амалиёти онҳо дар минтақа машварат медод. Ба наздикӣ дар тиҷорати ҷаҳонӣ ва босуръат рушдёбандаи хизматрасониҳои молиявии Web 3 директори калони иҷроия буд ва қаблан шарики FTI Consulting буд.

Дар солҳои ташаккули худ, ҳамчун гурезаи боснӣ, Алмира дар Сербия зиндагӣ мекард ва бо мушкилоти интиқоли пул ва дастрасӣ ба маблағгузорӣ дучор мегардид, ки то ҳол ба ин соҳа таваҷҷӯҳи зиёд дорад.

Алмира - пешвои ҷавони глобалии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мебошад. Забони русӣ ва каме тоҷикиро медонад. 

бозгашт ба рӯйхат