Игнасио Мас Рибо

Аъзои Шӯрои нозирони ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”

Ҷаноби Игнасио Мас Рибо – мушовири мустақил оид ба молияи мобилӣ ва фарогирии молиявӣ, муаллиф ва лектори курсҳои сершумори таълимӣ дар соҳаи молияи рақамӣ мебошад.

Ҷаноби Игнасио Мас Рибо бо собиқаи 35-солаи фаъолият дар соҳаи стратегия ва рушди тиҷорат, дар таҳияи барномаҳои бонкинги мобилӣ ва стратегияҳои вусъатдиҳии дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ таҷрибаи калон дорад.

Ҳамчун мушовири мустақил, ӯ ҳамкории дарозмуҳлатро бо ширкатҳои Кения, Ҳиндустон, Бангладеш, Танзания, Руанда ва Мексика идома медиҳад.

Ҷаноби Игнасио Мас Рибо - муаллифи беш аз сӣ нашрияҳои илмӣ мебошад, ки дар маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки ба технологияҳои молиявӣ тахассус доранд, ба доираи васеи хонандагон пешниҳод карда шудаанд.

Дар Испания зиндагӣ ва кор мекунад.

бозгашт ба рӯйхат