Асосӣ Дар бораи мо Маълумот Сӯхани директори генералӣ

Сӯхани директори генералӣ

Дӯстони мӯҳтарам,

Шуморо ба сомонаи Ташкилотамон «Хуш омадед» гуфта, аз ташрифатон хеле шодам. Ташкилоти мо соли 2004-ум таъсис ёфта, мақсади асосии ташкилёбии он, таъминоти хизматрасонии  молиявии дастрас ба  аҳолии деҳоти  Тоҷикистон ва махсусан занҳо буд.

Имрӯзҳо ташкилоти мо, яке аз ташкилотҳои пешқадамтарин ва рушдкунандаи бахши молиявии Тоҷикистон ба  шумор меравад. Зиёда аз 75%-и сандуқи қарзии фаъоли мо ба хизматрасонии  аҳолии деҳот равона шудааст ва 45%-и шумораи умумии мизоҷонро  занҳо ташкил медиҳанд.  Сохтори қомёбиҳои Ташкилот аз кормандон, мизоҷон, ҷамъият ва муҳити атроф иборат аст. Фаъолияти Ташкилот дар ҷамъият нақши муҳимро мебозад,  ки он  ба рушди соҳибкорӣ кӯмак расонида, барои барқарорсозии иқтисодиёти давлат ва мустаҳкамшавии ҷамъиятҳои  маҳаллӣ мусоидат менамояд. Бе шубҳа, Ташкилоти мо муваффақияти худро дар кормандон мебинад. Мо кормандонро барои такмили ихтисос, инкишофи касбии онҳо, ба мансабҳои баланд расидан ва  инчунин ба риояи  қоидаҳои одоби расмӣ, чи дар Ташкилот  ва чи берун аз он ҳавасманд мегардонем. Бартарияти асосиро ҳамеша дар  одамон мебинем, ки новобаста аз ҷинс, миллат, маълумот ва ҷои истиқомат мизоҷони ҳақиқӣ ва бонуфузи мо  мебошанд. Диққати ташкилоти мо ба густариши ҳамкориҳои дарозмӯҳлат бо мизоҷон равона карда шудааст, ки  асоси ин муносибатҳо — боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигар аст. Мо қарзҳои гуногунро, ки барои ҳалли масъалаҳои зиёд, аз қабили харидории техникаи хоҷагии қишлоқ,  кишти зироатҳои ғалладона, рушди соҳибкории хурд ва миёна, соҳибкории занон, оғози фаъолияти нав, маълумотнокии кӯдакон ва ғайраҳо заруранд, таҳия ва пешниҳод менамоем. Бо вуҷуди он ки қарзҳои хурд — танҳо яке аз воситаҳои молиявӣ мебошанд, онҳо ба одамон барои рост кардани қомат, мустақилона  таъсис додани ҷойҳои корӣ ва таъмин намудани камбудиҳои оилаи худ имкониятҳои воқеӣ фароҳам меоранд. Қарзҳои  хурд, дар гузашта  ин худ як намуди навгонӣ дар соҳаи қарздиҳӣ ба хисоб мерафт. Пайваста бо фоизҳои карзии муносиб ва ҷадвали  пардохти қарз, ин маҳз ҳамон воситаест, ки ба ҳар гуна норасогиҳои зиндагӣ имкониятҳои васеъро фароҳам месозад.

Ташкилоти мо соли 2013-ум, соҳиби иҷозатномаи амонатӣ гардида, низоми нави маълумотии бонкиро дастрас намуд ва сохтори ташкилию ҳуқуқӣ ва номи ташкилотро тағйир дод: аз Ташкилоти Қарзии Хурди «Ҳумо ва Партнёрҳо» ба Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «Ҳумо» мубаддал гашт. Минбаъд, мо метавонем доираи хизматрасониҳои худро васеъ намуда, кушодани суратҳисобҳои пасандозӣ ва амонатӣ, хизматрасонии интиқоли маблағ ва қарздиҳиро бо асъори хориҷӣ дар якҷоягӣ бо маҳсулотҳои қарзии мавҷудбуда пешкаши мизоҷони худ гардонем.

director

Мо инкишофи худро идома дода, дар ҷустуҷӯи самтҳои нав ҳастем ва лоиҳаҳои навро ба мизоҷон пешниҳод менамоем. Агар Шумо бо мо бошед, хушҳол мегардем.

Ҳамеша омодаи мулоқот ҳастам ва шумо метавонед тавассути почтаи зерин бо ман тамос гиред: office@humo.tj

Бо эҳтиром,
Директор генералӣ
Ваисова Мавсуда.