Чемпионат Республики по Футзалу
Аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи марти соли 2014 Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи Футзали Тоҷикистон чемпионати Ҷумҳуриявӣ оид ба футзалро байни дастаҳои ғайрикасбӣ гузарониданд. Дар мусобиқа 36 даста иштирок варзиданд. Дастаҳо аз рӯи минтақаҳои зерин тақсим шуда буданд: Душанбе, Суғд ва ВМБК. Мусобиқаҳои интихобӣ дар сатҳи минтақавӣ гузаштанд. Дар бозиҳои финалӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буданд, мувофиқи низомномаи мусобиқа, чор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе, се дастаи минтақаи Суғд ва як дастаи минтақаи ВМБК иштирок варзиданд. Дастаи «Ҳумо» дар бозиҳои минтақавӣ ҷои чорумро ишғол намуда, дар байни дастаҳои беҳтарин ба финал баромад.
Иштирок дар бозиҳои финалӣ насиби 8 даста гардид. Аз минтақаи Душанбе дастаҳои «Бонки миллӣ», «Роял паб», «Сафариён» ва «Ҳумо», аз минтақаи Суғд дастаҳои «Рахш» -намояндаи Бонки миллии ш. Хуҷанд, «Шапалак», «Сипар» ва аз минтақаи ВМКБ дастаи «Помир» интихоб шуданд. Дар чемпионати Ҷумҳуриявӣ оид ба Футзал, дастаи «Ҳумо» сазовори ҷои сеюм гардид. Ҷои якумро дастаи Бонки миллии ш.Душанбе ва ҷои дуюмро дастаи «Роял паб»-и ш. Душанбе соҳиб шуданд.
Бояд қайд кард, ки дар мусобиқа барои ишғоли ҷои сеюм, дастаи «Ҳумо» бо дастаи «Рахш»-и Бонки миллии ш.Хуҷанд бозид. Пеш аз ин, соли 2013 ин дастаҳо дар ш.Хуҷанд, дар чемпионати Бонкҳо иштирок варзида буданд. Дар натиҷа ғолибиятро барои ишғоли ҷои якум дастаи «Рахш»-и Бонки миллии ш.Хуҷанд ба даст оварда буд. Мусобиқаи дастаҳоро дар ш.Душанбе мусобиқаи интиқомӣ номидан низ мумкин аст, ки дар он дастаи «Ҳумо» бо ҳисоби 5:4 ғолиб баромад.
Дар байни иштирокчиёни беҳтарини мавсими бозиҳои футбол, корманди Саридораи ташкилот Воҳидов Пайрав, ки тренери дастаи «Ҳумо» мебошад, ҳамчун тренери беҳтарин интихоб гардид.
Дастаи «Ҳумо» дар ҳама мусобиқаҳои шаҳрӣ ва Ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок варзида, ба нишондиҳандаҳои беҳтарин расидааст. Мо аз чунин дастовардҳо ифтихор мекунем ва дар мусобиқаҳои ояндаи чемпионатҳои шаҳрӣ ва Ҷумҳуриявӣ ба дастаи «Ҳумо» бурдбориҳои нав орзумандем. Ҳумо Чемпион! Ҳумо Чемпион!