Асосӣ Дар бораи мо Ҳаёт дар Ҳумо Варзиш Чемпионати пойтахт оид ба футбол

Чемпионат столицы по футболу

Дар шаҳри Душанбе чемпионати пойтахт  оид ба футзали фаслҳои  2013-2014 ба анҷом расид. Бозиҳо дар ду гурўҳ гузаштанд: силсилаи «А»  ва силсилаи «Б». Дастаи «Ҳумо» дар мусобиқаи гурўҳи силсилаи  «А» иштирок намуд. Чемпионати сеюм зери ҳимояи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва иттифоқи Футзалҳои Ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Ёдрас мекунем, ки қабл аз ин ғолибиятро дар силсилаи «А» гурўҳи «Эҳсон» (2011-2012) ва  «Бонки миллӣ» (2012-2013) ба даст оварда буданд.  Ҳар се мусобиқаҳо дар маҷмааи варзишии «Элит»-и кумитаи Андози Тоҷикистон, дар ду марҳила, аз моҳи ноябр то феврал баргузор гардиданд. Дар мавсими силсилаи «А» нуҳ даста иштирок варзиданд. Дастаи «Бонки миллӣ» дар бозии силсилаи «А» ва дастаи «Ориёнбонк» дар бозии силсилаи «Б» ғолибиятро ба даст оварданд. Дастаи «Ҳумо» дар бозиҳои силсилаи «А» ҷои чорумро ишғол намуд ва сазовори роҳхат дар бозиҳои ҷумҳуриявии Чемпионати Ҷумҳурӣ гардид. Зимни суханронии худ сардори кумитаи футзали Федератсияи футбол дар Тоҷикистон Комрон Шодиев қайд кард: Мувофиқи низомномаи Федератсияи футбол, ҳар чор дастаи силсилаи «А» - «Бонки миллӣ», «Роял Паб», «Сафариён» ва «Ҳумо»  дар чемпионати ҷумҳуриявӣ, ки аз 20-ум то 25-уми марти соли ҷорӣ барпо мегардад, аз тарафи минтақаи Душанбе  иштирок мекунанд.  

бозгашт ба рӯйхат