Рассказ земледельца…

Шаҳритус  дар  қаламрави Ҷумхурӣ на танҳо бо мавзеи таърихии «Чилу чор чашма»-аш  машҳур аст, балки заминҳои ҳосилхези зиёдеро дорост, ки ин ҳам қобили зикр аст.

Ман, Ботиров Тулкин сокини ин диёри зебоманзар тули  25 сол мешавад, ки бо фаъолияти хоҷагидорӣ машғулам. Бо тақозои тақдир, ман баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳ дохил шуда натавонистам ва ба хизмати Модар-Ватан  рафта, баъди он бо сари баланд ба зодгоҳам баргаштам. Баъди аз хизмат баргаштан ман муддате бо таъмири мошинҳои сабукрав машғул шудам, вале баъдан, соли 1992 вақте ки мамлакати мо замонҳои душвореро аз сар мегузаронд, ман бо хоҷагидорӣ машғул шудам, то ки бо ин роҳ аҳли оилаамро таъмин намоям. Таҷрибаро дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ман аз падари худ омӯхтам, ки ӯ ба ман заминҳои корамро ҳамчун мерос гузошта буд.

Бо заминдорӣ машғул гашта, ман сол то сол заминҳои киштро васеъ кардам, ки ин маро водор намуд, то оиди ба даст овардани таҷҳизоти хоҷагии қишлоқ, сӯзишворӣ  ва нуриҳои минералӣ андеша ронам. Вале барои ин воситаҳои пулии иловагӣ лозим буд.

Соли 2015 бо маслиҳати дустону шиносон ман  қарор  додам, ки ба ташкилоти  «Ҳумо»  муроҷиат намоям. Вақте ки ман аввалин бор ба идораи филиали ин Ташкилот дар ноҳияамон ташриф овардам, кормандони хушмуомилаи филиал диққати маро бо барномаи кредитии хоҷагии қишлоқ ҷалб намуданд, ки  бо доштани муҳлати имтиёзӣ ва бо шарту шароитҳои қуллай оиди пардохти қарз бароям хело қобили қабул ва манфиатбахш буд.

Ман аз сатҳи баланди сифати хизматрасонӣ дар ин Ташкилот  ва ба таври фаврӣ дида баромадани талабномаи қарзиам дар тааҷуб монда,  хело хурсанд шудам. Корманди филиал, ки маро хизматрасони менамуд, ҳамроҳи ман ба саҳро рафта заминҳои кишт ва таҷҳизоти хоҷагии қишлоқро дида баромад ва ба ман оиди ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳои лозима барои гирифтани қарз ва тайёр намудани талабномаи қарзӣ кӯмак расонд.

Бо ҳисси баланди қаноатмандӣ мехоҳам миннатдории худро ба ташкилоти «Ҳумо» барои дастгирии молиявии саривақти, ки ба фаъолияти ман таъсири мусби расонд, баён намоям. Имрӯз ман дар мавсими киштукори баҳорӣ аз шарту шароитҳои мувофиқу фоиданоки ин Ташкилот  истифода бурда, заминамро сари вақт коркард ва кишт намудам. Доруҳои минералии заруриро сари вақт дастрас карда тавонистам, ки ин ба ман барои гирифтани ҳосили фаровону дилхоҳ боварӣ мебахшид.

Манфиатҳои бадастомада ва сатҳи баланди хизматрасониро ба назар гирифта, ман ба таври устувор ҳамкориамро бо ташкилоти «Ҳумо» идома медиҳам  ва дар рӯзҳои наздик ба нақша гирифтам, ки  қарзи навбатиро барои инкишофи минбаъдаи фаъолиятам ба расмият дарорам.

бозгашт ба рӯйхат