Мечты окрыляют...

Ҳикояи навбатиамонро мо мехоҳем ба сокини шаҳри Душанбе Шарипов Гурез бахшем, ки мизоҷи доимии ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» мебошад.

Grez2.jpg

Қаҳрамони мо ҳанӯз аз синни хурдсоли мехост соҳибкор шавад ва имрӯз ӯ аллакай соҳиби оилаи комил гашта, панҷ фарзандро ба воя расонда истодааст ва ба ин нигоҳ накарда баҳри ба орзуҳои деринааш расидан тамоми кӯшишу ғайраташро ба харҷ дода истодааст.

Гурез баъди оиладор шудан ва дуои неки волидайнашро гирифтан ба шаҳри Душанбе кӯчида ҳаёти мустақилонаашро оғоз намуд.

Падару модари Гурез деҳқониро пеша намуда бо фаъолияти хоҷагии қишлоқ машғуланд ва чи хеле, ки худи ӯ мегӯяд, «Ин хушбахтии бузург аст, вақте ки волидайн соқу саломат ва ҳар дақиқаю соат туро дастгирӣ карда, маслиҳатҳои муфид  дода метавонанд». Маҳз ба шарофати маслиҳатҳои волидайн ва аввалин даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ  Гурез тавонист, ки хонаи шахсӣ созад.

Фаъолияти соҳибкориашро  қаҳрамони мо дар яке аз бозорҳои пойтахт «Султони Кабир» оғоз намуд, ки сараввал ҳамчун иҷорагири мағозаи на он қадар калон, ки бо фурӯши техникаи маишӣ  машғул буд, фаъолият мекард. Лекин, бо мурури замон доштани шавқу рағбати зиёд нисбати пешаи соҳибкорӣ ва ҷидду ҷаҳд намудан барои соҳибкори муваффақ гаштан ба ӯ даст дод, то ӯ соҳиби мағозаи шахсии худ гардад.

То ин вақт фаъолияти соҳибкор хело васеъ гашта буд  ва фармоишҳои мизоҷон низ хело зиёд шуда буд. Гузашта аз ин,  фарзандони Шарипов Гурез аллакай  калонтар шуданд, ки ин албатта, бештар шудани хароҷотҳои оилавиро талаб мекард. Гурез хост, ки номгӯи маҳсулоти  фурӯширо  зиёд намояд  ва бо тавсияи дустону шиносон  ба ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» муроҷиат намуд. Бо шарофати қарзҳои  аз «Ҳумо» гирифтааш фаъолияти кориаш беҳтар шуд  ва Гурез  имрӯз соҳиби даромади мунтазаму устувор гашта, орзу дорад, ки фарзандонашро дар донишгоҳҳои олии бонуфузи ҷумҳурӣ хононда, соҳиби маълумоти зарурӣ гардонад.

«Ман аз ташкилоти  «Ҳумо»  хело миннатдорам, чунки  он одамонро  дар лаҳзаҳои зарури дастгирӣ мекунад. Махсусан, ба ман писанд гашт, вақте ки ман барои қарзи фаврӣ муроҷиат намудам, ба ман дар муддати ду рӯз қарзро пешниҳод намуданд, ки ин ба ман имконият дод, ба таври фаври таҳвили борҳои навбатиамро барои фурӯш аз хориҷа  таъмин намоям. Муносибати дустона ва эҳтиромнокии кормандонро нисбати мизоҷон ва инчунин, фаврияти кори ин ташкилотро  ба назар гирифта, ман тасмим гирифтам, ки дар оянда низ бо «Ҳумо» ҳамкориамро идома диҳам. Дар  ҳақиқат, «Ҳумо»  ҳамчун  парандаи афсонавие аз ривоятҳои қадима аст, ки ба мизоҷони худ имконияти парвоз кардан ва бартараф кардани  монеаҳою душвориҳоро медиҳад. Ман метавонам бо дили пур қарзҳои «Ҳумо»-ро ба ҳамаи дустону шиносонам ва ҳамаи он шахсоне, ки мехоҳанд даромадашонро зиёд намоянд, тавсия диҳам. Дар ин ҷо ба шумо ҳатман кӯмак мерасонанд, метавонед бо боварии комил муроҷиат намоед. Ман бо орзуҳои худ оиди соҳибкор шудан болу пар бароварда будам, лекин бе болҳои бузурги «Ҳумо» наметавонистам ба ин муваффақиятҳои доштаам расидагӣ кунам».

бозгашт ба рӯйхат