Асосӣ Дар бораи мо Ҳаёт дар Ҳумо Хайрия Аксияи хайриявии «Шодии кӯдакон!»

Благотворительная акция «Радость детям!»

Рӯзи 1-уми июн клуби «Инновация» дар ҳамкори бо ташкилотхои «Алегрия» ва «Дасти ёрӣ» барои тарбиягирандагони хонаҳои кӯдакони шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор аксияи фарогирандаи хайриявиро дар Тоҷикистон, тахти унвони «Шодии кӯдакон» гузаронид. Дар аксияи мазкур зиёда аз 100 нафар волонтёрон иштирок намуданд, ки ҳамаи онҳо ба 6 гурӯҳ ҷудо шуда, барои кӯдакони бепарастор ва кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд чорабиниҳои идона  ташкил доданд. Аксия тариқи дастгирии молиявии сарпарастон гузаронида шуд, ки дар катори онхо ТАҚХ "Ҳумо" низ фаъол мебошад. 

Зиёда аз 30 рӯз, барои ҳар як хонаи кӯдакон дар алоҳидагӣ, барномаҳои гуногуни шавқовар тайёр карда шуда буд. Ба ҳар як гурӯҳ, волонтёронеро, ки истеъдоди нишон додани чашмбанди (фокус), расомӣ, рақосагӣ ва ҳунарпешагӣ доранд, таклиф карда буданд.

Бо кӯдакон бозиҳои гуногуни шавқовар, мусобиқаҳо ва самоъҳо гузарониданд. Хурдсолаконро бошад, волонтёрон дар велосипедҳо ва мошинчаҳо сайр кунонданд. Хусусан, бозӣ бо рангҳо барои кӯдакон хеле фаромӯшнашаванда буд. Онҳо хам бо мӯйқаламҳо ва ҳам бо ангуштонашон рӯйҳои ҳамдигарро ранг карда, шодону хандон бозӣ мекарданд.

Баъд аз анҷоми бозию мусобиқаҳо, ба ҳар як кӯдак бозичаҳои хотиравӣ ва шириниҳо тӯҳфа карда шуд. Ин рӯз дар хотири зиёда аз ҳазор табриягирандагони хонаҳои кӯдакон, яке аз хушбахттарин ва хурсандтарин рӯз боқӣ монд!


бозгашт ба рӯйхат