Асосӣ Дар бораи мо Ҳаёт дар Ҳумо Таърихи муваффақияти мизоҷон С кредитами от «Хумо» ехать в трудовую миграцию мне уже не нужно…

С кредитами от «Хумо» ехать в трудовую миграцию мне уже не нужно…

Номи ман Махманазар Сафаралиев. Ман бо оилаам дар ҷамоати Оби Киик зиндагӣ менамоям.
Труд.jpg

Ба ман аз хурдсолӣ меҳнат карданро омӯхтаанд. Дар он муҳите, ки ба воя расидаам, ин зарурати ҳатмӣ буд. Дар деҳаи хурд - агар ту писар бошӣ, ту бояд ба оилаи худ кӯмак карда тавонӣ. Дар деҳот зиндагӣ хеле душвор мебошад, ҷисмонӣ бисёр кор кардан лозим меояд. Дар солҳои ҷавонӣ ман баробари калонсолон кор мекардам.

Вақте ки оилаи худро барпо намудам, ман мисли ҳамаи ҳамватанонам ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан қарор намудам. Ба кишвари бегона омада, ман дар соҳаи сохтмон ба кор даромадам. Ба мо хеле кам маош медоданд, қисми маблағро ба хона мефиристондем, ва боқимонда ба хароҷоти шахсӣ мерафт. Дар худи ҳамон бинои сохтмон мо ҳам кор мекардем ва ҳам истиқомат мекардем. Рӯзҳои якшанбе, ки истироҳат буд, мо дар ҳамон бинои сохтмон одатан ҳамин тавр дам мегирифтем.

Солҳо паси сар мешуданд, ва зиндагӣ дар ғарибӣ маро азият медод. Қарор намудам, ки вақти ба хона ба назди ҳамсару фарзандонам баргаштан расидааст.

Вақте ки ба Ватан баргаштам, ман бо маслиҳати оилаам тасмим гирифтам фаъолияти худро оғоз намоям ва мағозаи хурдеро ба иҷора гирам. Хушбахтона, бо ёрии дӯстон, ман ҷой барои мағоза зуд пайдо намудам. Аммо ҳолати мағоза хуб набуд. Ба ман лозим омад, ки мағозаро таъмир намоям. Қариб тамоми пасандози ман ба таъмири мағоза сарф шуд ва баъд аз он, ки мағоза тайёр шуд, барои хариди маҳсулот ман маблағи кофӣ надоштам.

Дар охири соли 2014, ман ба ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» барои гирифтани қарз ба маблағи 4000 сомонӣ муроҷиат намудам. Қарзи гирифта мушкилиҳои маро ҳал кард ва ба ин маблағ ман барои мағоза маҳсулоти хӯрока харидорӣ намудам. Даромаде, ки мағозаам ба ман меовард, ҳам хароҷоти пардохти қарз ва ҳам хароҷоти эҳтиёҷоти ҳаррӯзаро пӯшонида тавонист. Баъд аз пардохти қарзи якум ман тасмим гирифтам яхдони нав барои нигоҳдории нӯшокиҳо харидорӣ намоям. Ҳамин тавр, дар соли 2015 ман боз ба ташкилоти «Ҳумо» муроҷиат намуда, ба маблағи 5000 сомонӣ қарз гирифтам. Ба ин маблағ на танҳо яхдон харидам, балки фаъолиятамро низ васеъ намудам.

Дар фарҷом гуфтан мехоҳам, ки имрӯз ман соҳибкори муваффақ ҳастам ва ба ҳар он чизе, ки комёб шудам, ҳамаи ин ба шарофати Ташкилоти «Ҳумо» мебошад. Баъд аз он, ки тамоми мушкилоту сахтиҳоро дар ғарибӣ аз сар гузаронидам, ман намехоҳам фарзандонам ба ман пайравӣ намоянд. Ман кӯшиш менамоям, ки ба онҳо маълумоти хуб диҳам ва ояндаи дурахшонро таъмин намоям, то ин ки онҳо шоиста зиндагӣ намоянд.

бозгашт ба рӯйхат