Незабываемые моменты с «Хумо»

Одам табиатан тавре сохта шудааст, ки ҳамеша мехоҳад баъзе лаҳзаҳои ҳаёташро бештар ва бо тамоми ҷузъиёташ ба хотир биёрад.

Туйҳо, тантанаю ҷашнҳои оилавӣ ё солгардҳо, албатта,  дар хотири кас якумра нақш мебанданд, лекин мутаассифона, бо мурури замон лавҳаҳои воқеии алоҳида, чеҳраҳо, ҳиссиёту ҳаяҷонҳо аз хотири кас зудуда мешаванд.
Лекин бо кӯмаки сабти видеои ва суратгириҳо ин гуна воқеаҳоро мумкин аст ба таври боварибахш ва тӯли солҳои зиёд маҳфуз дорем ва сари ҳар чанд вақт онро тамошо карда ҷашнҳои пешина ва воқеаҳои муҳими ҳаётамонро ба гӯшаи хотир биёрем.

Беков Суҳробро дар ноҳияи Хуросон ҳамчун наворбардор ва суратгири моҳир мешиносанд ва ӯ метавонад ҳатто бе таклифи махсус омада ҳар як туйи маҳалла ё ҷашну маъракаҳоро сабт кунад. Сабтҳои видеои ва суратҳои гирифтаи Суҳроб талабгорони зиёд дорад ва аз ҷихати сифат фарқкунанда мебошад.

Суҳроб яке аз мизоҷони доими ва фаъоли ташкилоти «Ҳумо» мебошад ва мо дар давраи барасмиятдарории қарзи навбатиаш хостем бо ӯ ҳамсӯҳбат шавем:

Суҳроб, Шумо ҳамчун наворбардор ва суратгир муҳимияти кори худро дар чӣ мебинед?

Кори ман хело шавқовар аст ва муҳимияташ дар он аст, ки бояд босифат ва бо тахайюли эҷодӣ, лаҳзаҳои хушбахтонаи туйю ҷашнвораҳоро  бо ҳама  шодию нишот ва эҳсосоти фораму мусбии одамон дар як навор ё ин ки дар як сурат дарҷ намоям.

Барои наворбардор ва суратгири моҳиру дилхоҳ шудан чӣ лозим аст?

Албатта, маълумоти касби доштан ин хело муҳим аст, вале дар кори ман мушоҳидакор будан низ арзиши зиёд дорад  ва ҳамчунин қобилияти дарёфти нақшаи  шавқовар, сабти ҷузъиётҳо аз дуру наздик ва аз даст надодани лаҳзаҳои мантиқии ҳодисаю воқеаҳоро доштан мебошад.

Як рӯзи кориатонро шарҳ медодед...

Рӯзҳои кориам ҳархелаанд. Баъзан оғози кор субҳи барвақт сар мешавад ва баъзе вақтҳо хело дер ба охир мерасад. Сабтҳо метавонанд инчунин шабона ҳам шаванд. Ин ҳамааш аз фармоиши мизоҷон вобастагӣ дорад.

То кадом дараҷа шароити меҳнатии Шумо боҳаловат аст?

Ман ҳамеша дар сафарҳои корӣ мебошам, баъди як сабт сабти дигаре маро интизор аст. Баъзан наворгирӣ дар манзилҳо, дар кӯчаҳо ва дар ҳавои гуногун сурат мегирад. Гоҳе дар зери борон монда тар мешавам ё ин ки аз сардии ҳаво хунук мехӯрам, лекин дар ҳама ҳолатҳо кӯшиши ба одамон кӯмак расондан ва ҷашнҳои онҳоро сабт намудан маро ҳавасманд мегардонад.

Суҳроб, вохӯрии якуми Шумо бо «Ҳумо» ҳанӯз соли 2010 баргузор гашта буд, каме дар ин бора маълумот медодед.

Ҳанӯз дар солҳои донишҷӯи ман ба наворгирӣ шавқ пайдо намудам ва аксарият мегуфтанд, ки ман хело хуб лахзаҳои хотирмонро сабт менамоям. Оҳиста-оҳиста ман банаворгирии туйҳо шурӯъ намудам, лекин, дар он вақтҳо ягон асбоби зарурии касбӣ надоштам. Маҷбур мешудам, ки камераи наворбардорӣ, штатив (поя барои асбоби наворбардорӣ) ва дигар асбобҳои лозимиро ба иҷора гирам. Соли 2010-ум вақте ки машғулияти дустдоштаам ба кор табдил ёфт, ман ба қароре омадам, ки бояд соҳиби асбобҳои хусусӣ гардам. Ҳамин тариқ, бо тавсияи дустонам ба ҶСП ТАҚХ «Ҳумо» муроҷиат намуда, қарзи якумамро ба маблағи 5000 сомони ба расмият даровардам.

Маблағи гирифтаатон ба Шумо ягон хел кӯмак расонд?

Ҳа, албатта. Баъди харидани таҷҳизоти техникии лозимӣ, кор басо зиёд шуд. Фармоишҳо аз тамоми ноҳия меомаданд. Дар рӯзҳои истироҳат бо наворгирӣ машғул будам, дар рӯзҳои кори бошад, бо таҳрири (монтаж) маводҳои сабткардаам банд мешудам. Бо гузашти вақт, ман тасмин гирифтам, ки нуқтаи хизматрасонӣ барои мизоҷон кушоям. Дар соли 2013 аз Ташкилот 2000 доллари ИМА-ро қарз гирифта, як бинои на он қадар калонеро сохтам. Пас аз як сол бошад, аллакай бо шартномаи қарзии нав, 1800 доллари ИМА-ро гирифта, онро барои харидани таҷҳизоти иловагӣ, компютери нав ва дигар техникаи заруриро барои пешбарии фаъолиятам сарфа намудам.

Ҳоло ба кадом муваффақиятҳо ноил гаштед?

Меҳнати ман маро на танҳо ба таври маънави қаноатбахш мегардонад, балки аз ҷиҳати молиявӣ низ таъмин менамояд. Ман ҳамеша кӯшиш мекунам дар назди худ дар фосилаи муайян мақсади аниқ гузошта оҳиста-оҳиста ба он ноил гардам. Имрӯз ман на танҳо хизматрасониҳои сабти навору суратҳоро ба мизоҷонам пешкаш менамоям, инчунин мошинҳои туёнаро ба иҷора месупорам. Дар ин ҷодаи фаъолият низ ба ман ташкилоти «Ҳумо» кӯмаки бевоситаи худро расонид.

Дар аввали соли 2016, ман маблағи муайянро ҷамъоварӣ намуда, қарор додам, ки автомашинаи тамғаи «Toyota Camry» харидорӣ намоям, чунки барои гузаронидани туйю маросимҳои никоҳӣ талабгорони ин мошин зиёданд. Вале, мутаассифона маблағи ҷамъкардаам барои амалӣ кардани ин мақсад норасои кард ва ин буд, ки ман бори дигар ба ташкилоти «Ҳумо» барои қарз муроҷиат намудам. Маблағи лозимиро ба миқдори 5000 сомони гирифта, автомашинаи дилхоҳамро барои корро ба роҳ мондан харида тавонистам.

  

Суҳроб, дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

Айни замон ман якчанд шогирд дорам, ки ба онҳо санъати наворгирӣ ва суратгириро омӯзонда истодаам. Инчунин мехоҳам дар оянда боз барои гирифтани қарзи нав ба ташкилоти «Ҳумо» муроҷиат намуда, маблағи онро барои харидани асбоби наворгиранда аз ҳаво (квадрокоптер) сарф намуда, кӯшиш намоям, ки тантанаю ҷашнҳои одамон ва воқеаҳои хурсандибахши онҳоро боз ҳам хотирмону фаромушнопазир гардонам.                

бозгашт ба рӯйхат