Асосӣ Дар бораи мо Ҳаёт дар Ҳумо Хайрия Кӯдакон – гулҳои ҳаётанд

Дети - цветы жизни

Яке аз он лаҳзаҳое, ки нигоҳи инсонро шод мегардонад – ин табассуми кӯдак аст. Дар як табассуми онҳо то чи андоза самимият ва боварӣ аст, ки ҳатто дили сангин ҳам нарм мешавад.  Ҳар як инсон инро дарк намуда, кӯшиш менамояд, ки ҳаёти сокинони хурди саёраи моро  беҳтар ва хуштар гардонад. Барои кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд бошад ғамхории мо, аҳамияти махсус дорад.

Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон, 31- уми майи соли 2014, дар яке аз филиалҳои ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурӣ, барои кӯдакони нобино, маросими ботантана гузаронида шуд, ки дар гузаронидани он  ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо» саҳми худро гузошт. 

Дар толори зебо оросташуда, барои кӯдакон, мусобиқаҳои гуногуни маънавӣ оиди моҳияти маданият ва санъат ташкил гардид.  Кӯдакон дар мавзӯъҳои Ватан, Сулҳ ва шахси аз ҳама азизтарин – Модар,  шеърҳо қироат намуданд. Бо иштироки худи хурдсолакон консерти шавқовар пешниҳод шуд, ки дар он, ҳамроҳи онҳо калонсолони нобино низ баромад карданд. Дар анҷоми маросим, ба ҳамаи кӯдакон мукофотҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар ин рўз, дар чашмакони нобинои  онҳо оташаки хомўшнашавандаи хурсандӣ ва хушбахтӣ дида мешуд. Диққату эътибори мо барои кўдакони имкониятҳояшон маҳдуд хеле муҳим аст.  Кўдакон ояндаи моянд ва вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки  ҳаёти онҳоро пур аз шодию хурсандӣ  гардонем.  


бозгашт ба рӯйхат